"Шакар моли биржа аст. Аз ин рӯ, нархи шакар аз савдо дар биржа вобаста аст. Барои намуна, нархи қанди найшакар дар биржаи Лондон, нархи шакар дар биржаи Ню-Йорк муайян карда мешавад. Ҳоло болоравии нархи шакар як тамоюли ҷаҳонӣ аст. Ба ин муносибат дар корхонаҳои мо ҳам нархҳо боло рафтаанд”, - гуфт Карашукеев.
Қазоқистон дар пасманзари камчин шудани шакар аз 23 майи соли равон содироти онро барои шаш моҳ манъ кард. "Содироти шакар аз Қазоқистон ба хориҷ аз 23 майи имсол манъ шавад", - омадааст дар фармони вазири кишоварзии Қазоқистон.
Вазорати кишоварзии Қазоқистон вазифадор шудааст, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба Комиссияи иқтисодии Авруосиё дар бораи татбиқи ин фармон иттилоъ диҳад.