Ссылки доступа

Дар Қирғизистон 111 муассисаи хусусии тиббиро мебанданд


Вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки 111 муассисаи хусусии тиббӣ дар ин кишвар баста мешавад. Ин муассисаҳо ба талаботи тиббӣ ҷавобгӯ нестанд, мегӯянд мақомот.

Моҳи апрели соли ҷорӣ комисияи вижаи вазорати тандурустӣ фаъолияти 730 муассисаи хусусии тиббиро санҷид. Дар натиҷаи санҷиш маълум шуд, ки фаъолияти 111 муассиса ба талабот ҷавобгӯ нест.

Ба илова, ба 148 муассисаи дигар, ки ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ набуданд, барои ислоҳ муҳлат дода шуд.

Ҳамзамон вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод, ки 84 дорухона бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ фаъолият мекардаанд.

XS
SM
MD
LG