Ссылки доступа

Дар Узбекистон "пирамида молӣ"-еро ошкор карданд, ки 700 млн сӯм зарар расондааст


Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, дар Ҷизахи ин кишвар фаъолияти "пирамидаи молӣ"-еро ошкор карданд, ки муассисонаш тавассути паёмакрасони Телеграм пул ҷамъоварӣ мекарданд.

Ба огаҳии Депарменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии додситонӣ, бунёдгузорони "пирамидаи молӣ" як қисми пули ҷамъоваришударо ба муштариён дода, қисми дигарро ба манфиати шахсӣ истифода мекардаанд.

Манбаъ афзуда, ки шаҳрвандони Узбекистон Ю. М., Ш. И. ва дигарон дар шабакаи иҷтимоии "Instagram" бозии "Gift Of Legacy"-ро эълом карда, ба корбарон ваъда додаанд, ки ҳар касе дасти кам 200 ҳазор сӯм ё 50 доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кунад, 7-8 баробар пули бештар мегирад.

Онҳо ҳамчунин дар Телеграм гуруҳеро бо номи "Онлайн-гап" боз карда, тавассути он пули муштариёнро ҷамъ менамудаанд. Созмондиҳандагони "пирамида" ҷамъан 692,3 млн сӯм ё $62 ҳазор доллари сокинонро бо роҳи фиреб аз худ кардаанд.

XS
SM
MD
LG