Ссылки доступа

Кормандони ширкати "ТрубРемСентр" дар Қазоқистон корпартоӣ доранд


Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон бештар аз сад коргари ширкати "ТрубРемСентр" корпартоӣ доранд. Онҳо маоши бештар ва қатъи таъқиби коргаронро талаб доранд.

Бакитҷон Меретаманов, раиси иттифоқи касаби ширкати "ТрубРемСентр" аз рӯзи 13 май корпартоиро шуруъ кардаанд. Ин коргарон пештар рӯзи 18 апрел ба корпартоӣ баромада, ду ҳафта корпартоӣ карда буданд.

"Шароити корӣ муҳайё нест. Ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ риоя намешавад. Талаби мо барои маоши бештар нодида гирифта мешавад", - гуфт Меретаманов.

Раиси ширкати "ТрубРемСентр" ба дархости батакрори хабарнигорон посух надод.

XS
SM
MD
LG