Ссылки доступа

ВКД гуфт, дар Рӯшон 114 кас дастгир шудаанд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми май бо нашри баёнияе гуфт, дар ҷараёни амалиёти ба қавли мақомот "зиддитеррористӣ" дар ноҳияи Рӯшон 114 нафарро дастгир кардаанд.

Вазорат як рӯз пеш шумораи боздоштшудаҳоро дар ин ноҳия "беш аз 70" нафар гуфта буд.

Сокинони Бадахшон мегӯянд, амалиёт дар Рӯшон барои саркӯби тазоҳуроти мардуми оддӣ буд, ки ба нишони эътироз аз амалкардҳои мақомот дар шаҳри Хоруғ шоҳроҳи Душанбе-Қулмаро бастанд. Ин роҳ Тоҷикистонро ба Чин васл мекунад.

Дар баёнияи вазорат, ки 19-уми май дар хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шуд, омадааст, ҳангоми амалиёт, "24 автомати Калашников, 5 пулемёт, 18 пистолети гуногунтамға, 4 милтиқи ТОЗ-18, 11 норинҷаки дастии Ф-1, 86 коктейли Молотов, 3 кило тратил, 15 ратсия ва 53 телефон мусодира гардид.”

Гуфтае, ки тасдиқи он аз манобеи мустақил ғайримумкин аст.

Вазорат дар ин баёния Алим Шерзамонов, яке аз пешвоёни мухолифин дар хориҷ; Холбаш Холбашов, яке аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва ҳамсари собиқи ӯ Улфатхоним Мамадшоеваро раҳбарони гуруҳе номидааст, ки гуё дар Бадахшон ноамниро ба роҳ андохтанд.

Алим Шерзамонов ва Улфатхоним Мамадшоева ин иддаоро рад карда, гуфтаанд, ҳеч нақше дар тазоҳурот надоранд.

Мақомот мегӯянд, рӯзи 18-уми май дар ҷараёни амалиёт дар ноҳияи Рӯшон 8 сокини маҳаллӣ кушта шуд. Сокинон рӯзи 19-уми май дар бораи гирифтани 21 ҷасад хабар доданд.

Вазорат гуфтааст, онҳо аъзои "гуруҳи мусаллаҳ" буданд, ҳарчанд фаъолон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон онҳоро шахсони бегуноҳе номидаанд, ки ба қавли онҳо барои ҳуқуқи хеш ва беадолатӣ дар вилоят садо баланд мекарданд.

Кишварҳои ғарбӣ пас аз нооромиҳои се рӯзи ахир дар Бадахшон аз мақомоту мардуми норозӣ хостаанд, барои поин овардани шиддати вазъ "нерӯву ғайрати худро дареғ надоранд ва таҳаммул пеша кунанд".

XS
SM
MD
LG