Қожошев афзуд, ки президентҳои Қирғизистон ва Қазоқистон - Содир Ҷабборов ва Қосимҷомарт Тоқаев дар ин чорабинӣ оффлайн ва боқӣ онлайнӣ иштирок хоҳанд кард.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз аз кишварҳои узви ИИАО, намояндагони 10 кишвари дигар низ дар форум иштирок мекунанд. Барои иштирок дар чорабинии мазкур ҷамъан 1700 кас сабтином шудааст.
Муовини аввали раиси Девони вазирони Қирғизистон гуфт, Ҷабборов ва Тоқаев дар ҳошияи ҳамоиш мулоқоти дуҷонибаеро анҷом дода, аз ҷумла масъалаи банд мондани мошинҳои боркаш дар марзи ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард.