Ссылки доступа

Узбекистон ба коркарди 8 кони нави уран омодагӣ мебинад


Узбекистон тасмим дорад, дар солҳои 2022-2026 дар доираи барномаи махсуси ҷустуҷӯи геологӣ коркарди 8 кони нави уранро ба роҳ монад.

Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19 май дар ҷараёни муаррифии лоиҳаҳое хабар додааст, ки ба рушди минбаъдаи бахши геологӣ ва афзоиши захираи канданиҳои фоиданок дар он кишвар равона шудаанд.

Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ додааст, ки давоми солҳои ахир дар он кишвар 27 кони нав ошкор гашта, заминаи устувори ашёи хом фароҳам оварда шудааст.

Мансабдорони узбек дар ҷараёни муаррифии лоиҳаҳо гуфтаанд, мехоҳанд, истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла металлҳои нодирро афзоиш диҳанд.

XS
SM
MD
LG