Ссылки доступа

Мақомоти қазоқ ба баргузории ҳамоиши эътирозӣ дар Қарағанда иҷозат доданд


Шаҳрдории Қарағандаи Қазоқистон ба баргузории ҳамоиши эътирозӣ бо талаби баргардонидани заминҳои боғи ботаникии пешини шаҳр аз шахсони воқеӣ, ки чандин сол мешавад, баҳсҳоеро ба миён овардааст, иҷозат дод.

Хабарнигори маҳаллӣ ва узви шӯрои ҷамъиятии вилояти Қарағанда Ботагоз Омарова ду маротиба аз шаҳрдории Қарағанда барои баргузор кардани гирдиҳамоӣ дархости иҷозат карда буд.

Мақомот дархости аввалро дар бораи гирдиҳамоӣ бо баҳонаи он ки макони зикршуда – рӯ ба рӯи боғи ботаникӣ – барои ҷамъомадҳои осоишта махсус гардонида нашудааст, рад карданд. Рӯзноманигор дар дархости дувуми худ макони баргузории ҳамоишро аз рӯйхати ҷойҳое интихоб кард, ки мақомот ба баргузории тазоҳурот дар онҳо иҷозат додаанд.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони тазоҳурот, 200 нафар барои иштирок дар он изҳори омодагӣ қардаанд. Қарор аст, ин тазоҳурот 11 июни соли равон аз соати 12:00 то 15:00 нисфирӯзӣ дар Қарағанда баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG