Ссылки доступа

Зеленский гуфт, зарбазанҳои Русия Донбассро "нобуд" сохтанд


Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки неруҳои Русия Донбассро "пурра маҳв кардаанд".

Зеленский шоми 19 май дар як паёми видеоӣ неруҳои Русияро ба он айбдор кард, ки кушиши куштани ҳарчи бештари украиниҳо ва расонидани хисороти бештарро доранд. Вай гуфт, Русия украиниҳоро қатли ом мекунад.

"Онҷо дӯзах аст ва ин муболиға ҳам нест", - афзуд ӯ. Ба гуфтаи президенти Украина, рӯзи 19 май дар натиҷаи "тирандозиҳои бераҳмона ва комилан беасос" дар шаҳри Северодонетск 12 кас ҷон бохтааст.

"Зарбаҳои пайваста ба вилояти Одесса ва шаҳрҳои марказии Украина идома дошта, Донбассро пурра тахриб карданд", - илова кард Зеленский.

XS
SM
MD
LG