Ссылки доступа

Қирғизистон иҷозат дод, сокинонаш ипотекаро аз пасандози нафақа пардозанд


Шаҳрвандони Қирғизистон, ки қарзи ипотека доранд, метавонанд барои пардохти он аз пасандозҳои нафақаи худ истифода кунанд.

Бар асоси қарори Девони вазирони Қирғизистон, шаҳрвандоне аз ин имтиёз бархӯрдор хоҳанд буд, ки ҳаҷми пасандозашон беш аз 50 ҳазор сом аст.

Низоми нафақаи Қирғизистон аз қисмҳои асосӣ ва пасандозӣ иборат аст. Сокинони коргари он кишвар ҳар моҳ 10%-и маошашонро барои нафақа мепардозанд. 8 дарсади он барои пардохти пули нафақахӯрон ба Фонди иҷтимоӣ ва 2 дарсадаш ба Фонди давлатии пасандозҳои нафақа мегузарад.

Низоми пасандозҳо дар Қирғизистон соли 2010 ҷорӣ карда шуд.

XS
SM
MD
LG