Ссылки доступа

Сафири Амрико "риштарошии иҷборӣ" дар Узбекистонро маҳкум кард


Сафири ИМА дар Тошканд Дэниел Розенблюм.
Сафири ИМА дар Тошканд Дэниел Розенблюм.

Сафири ИМА дар Тошканд Даниел Розенблюм хабарҳо дар бораи "рейд"-и мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон алайҳи ришдоронро маҳкум кард.

"Пулис риши мардонро иҷборан метарошад. Амрико аз ингуна амалҳо нигарон аст", - иқтибос овардааст хабаргузории Eurasianet аз суханронии сафир Розенблюм дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд.

Ба гуфтаи сафири Амрико, нақзи озодиҳои мазҳабӣ дар Узбекистон метавонад ислоҳоти тайи панҷ соли ахир дар ин кишварро зери суол қарор диҳад.

Бино ба навиштаи Eurasianet, Департаменти давлатии ИМА моҳи декабри соли 2020 Узбекистонро аз рӯйхати кишварҳое, ки ҳукуматҳояшон ба "нақзи ҷиддии озодиҳои динӣ" машғул ҳастанд, хориҷ кардааст.

XS
SM
MD
LG