Ссылки доступа

Бештар аз 21 миллион доллари қазоқистониҳо дар бонкҳои русӣ дармондааст


Наздики 9,2 миллиард танга - муодили 21,5 миллион доллари қазоқистониҳо дар бонкҳои русии муқими Қазоқистон дармондааст. Дар ин бора Оҷонсии Қазоқистон оид ба танзим ва рушди бозори молӣ хабар дод.

"Дар пайи таҳримҳои зидди Русия суратҳисобҳои асъори хориҷии намояндагии бонкҳои "Сбербанк", "Алфа-Банк" ва "Банк ВТБ"-и Русия дар Қазоқистон масдуд шудаанд. Дар натиҷа 9,2 миллиард тангаи қазоқистониҳо дар ин бонкҳо дармондааст", - гуфт Мадина Абилқосимова, раиси оҷонсӣ.

Қисми зиёди ин маблағҳо - дар ҳаҷми 6,2 миллиард танга - дар "Алфа-Бонк" дармондааст.

Баъди шуруъи ҳамлаи Русия ба Украина вазорати молияи ИМА нисбати чанде аз бонкҳои Русия таҳрим ҷорӣ кард. Аз ҷумла "Сбербанк", ВТБ ва "Алфа-Банк" ҳам таҳрим шуданд, ки дар Қазоқистон намояндагӣ доранд.

XS
SM
MD
LG