Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мусофиркашонии беиҷозатро манъ карданианд


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон лоиҳаи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ"-ро таҳия кардааст, ки ронандагони таксиро барои гирифтани иҷозатнома муваззаф мекунанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ҷорӣ кардани иҷозатнома барои ронандагони таксӣ аз нигоҳи иқтисодӣ таъсири "ночиз" дошта, ҳадаф аз он "таъмини бехатарӣ аст, на ба даст овардани фоида".

Ба гуфтаи масъулони вазорат, нархи иҷозатнома барои як сол 500 сом (ҳудуди 6 доллар) хоҳад буд.

Ҷорӣ кардани иҷозатнома барои таксиҳо дар фармони раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар бораи коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои он кишвар аз моҳи декабри соли 2021 талаб карда шудааст.

XS
SM
MD
LG