Ссылки доступа

Дар Узбекистон бунёди хайрияеро, ки барои ниёзмандон хона месохт, бастанд


Акс аз маросими кушодашавии бунёди "Саховат"

Додгоҳи вилояти Намангони Узбекистон 20 май фаъолияти Бунёди хайриявии "Саховат"-ро дар он вилоят манъ кард.

Дар қарори додгоҳ омада, ки бунёд аз маводи мазҳабӣ барои таблиғи худ "сӯистифода" карда, ҳамаи пулҳои хайрияро ба суратҳисобаш нагузаронидааст.

Ҳамчунин масъулони созмон гӯиё бидуни дарёфти санадҳои зарурӣ сохтмони маҷмааи зист барои хонаводаҳои ниёзмандро оғоз кардаанд.

Ба иттилои манобеи Бахши узбекии Радиои Озодӣ, додгоҳ аз Вазорати адлияи Узбекистон хостааст, амволи бунёдро ба фоидаи давлат мусодира кунад.

Як манбаъ, ки дар мурофиаҳои додгоҳии бунёд иштирок дошт, гуфт, бунёд ба "сӯистифода" аз ҳадисҳо дар таблиғоти худ айбдор шудааст.

Бунёди хайриявии "Саховат" ду сол пеш дар вилояти Намангони Узбекистон таъсис ёфта буд.

XS
SM
MD
LG