Ссылки доступа

Русия исрор дорад, ИИАО содироти ғалларо ба кишварҳои севум маҳдуд кунад


Русия 20 май дар ҷаласаи Комиссияи иқтисодии Авруосиё исрор кардааст, ки аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) барои содироти ғалла ба кишварҳои севум квота ва боҷи гумрукӣ ҷорӣ кунанд.

Бино ба навиштаи нашрияи русии "Коммерсант", Қазоқистон зидди ин пешниҳод баромада, алоқамандии худро барои афзоиши содирот ба хориҷ баён доштааст.

Нашрия менависад, ки Русия аз харид ва фурӯши дубораи гандумҳои худ ба кишварҳои севум дар ҳарос аст ва бинобар ин аз аъзои ИИАО талаб дорад, ки ба содироти гандум маҳдудият ҷорӣ намоянд.

Ба иттилои манбаъ, Русия баҳорси соли равон дар пасманзари афзоиши харидории гандумҳои Сибир аз сӯи Қазоқистон содироти ғаларо ба кишварҳои ИИАО муваққатан манъ кард ва ин норозигии Қазоқистонро ба бор овард. Қазоқистон низ дар посух ба содироти орду гандум квота ҷорӣ намуд.

XS
SM
MD
LG