Ссылки доступа

Пудратчиёни "Озенмунайгаз" 10 рӯз мешавад, дар Қазоқистон корпартоӣ мекунанд


Кормандони корхонаи "ТрубРемЦентр", пудратчии ширкати "Озенмунайгаз"-и Қазоқистон аст, 10 рӯз мешавад, дар шаҳри Жанаозен корпартоӣ мекунанд.

Эътирозгарон талаб доранд, ки шароити корӣ ва амнияти онҳо беҳтару маошашон зиёдтар карда шавад. Ҳамчунин таъқиби кормандон барои иштирок дар корпартоиҳои пешин қатъ ва онҳое, ки беасос аз кор ронда шудаанд, баргардонида шаванд.

Кормандони "ТрубРемЦентра" дар назди коргоҳи ширкат дар шаҳри Жанаозен ду хайма насб карда, корпартоӣ мекунанд.

Ба гуфтаи эътирозгарон, масъулони ширкат бо гузашти 10 рӯз ҳанӯз ба корпартоии онҳо вокуниш накардаанд.

"ТрубРемЦентр" чоҳҳои нафт дар конҳоеро, ки аз сӯи "Озенмунайгаз" коркард мешаванд, тоза ва таъмир мекунад. Он наздики 150 коргар дорад.

XS
SM
MD
LG