Ссылки доступа

Муҳри махфӣ дар парвандаи Улфатхоним Мамадшоева


Улфатхонум Мамадшоева

Парвандаи Улфатхоним Мамадшоева, рўзноманигор ва фаъоли ҷомеаи маданӣ, муҳри махфӣ гирифтааст.

Хонум Мамадшоева ҳафтаи гузашта дар пайи эътирозҳо дар Бадахшон аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуда буд. Мақомот гуфтанд, ӯро барои даъват ба сарнагунии ҳокимият боздошт кардаанд.

Аммо худи Улфатхоним Мамадшоева қабл аз боздошт ҳама гуна иттиҳоми даст доштан дар воқеаҳои ахири шаҳри Хоруғро рад карда буд. Як манбаи огоҳ аз парванда бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ба парвандаи Улфатхонум Мамадшоева муҳри махфӣ задаанд. Ба гуфтаи манбаъ, қазияи ин фаъоли ҷомеаи маданӣ аз сӯи муфаттишони Додситонии кул ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳқиқ мешавад. “Ба парванда муҳри махфӣ гузоштанд ва аз адвокат ҳам имзо гирифтанд, ки дар бораи ҷузъиёти он бо касе суҳбат накунад,” - афзуд манбаъ.

Ҳафтаи гузашта манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, алайҳи Улфатхоним Мамадшоева бар асоси қисми 2-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд. Ин банди қонун даъват барои зӯран сарнагун кардани ҳокимиятро дарбар гирифта, аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Мақомот дар бораи боздошти Улфатхоним Мамадшоева расман хабар надодаанд. Вазорати корҳои дохилӣ ҳафтаи гузашта дар ду изҳороти ҷудогона Мамадшоеваро яке аз созмондиҳандагони эътирозҳои ахир дар Хоруғ ном бурд. Аммо Улфатхоним Мамадшоева як рӯз қабл аз боздошт дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба воқеаҳои ахир дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ягон робита надорад ва сафари ахираш ба ин минтақа дар доираи як тарҳи иҷтимоӣ сурат гирифт. Маълум нест, ки оё дар ҷараёни бозпурсиҳои мақомот Мамадшоева чӣ мегӯяд ва то куҷо ҳуқуқи ӯ таъмин шудааст.

Баъд аз суҳбат бо Улфатхоним Мамадшоева ҳафтаи гузашта афроди ношинос ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва ТВ "Настояшее время" ҳамла карда, наворҳоро бо зӯрӣ аз онҳо гирифтанд. Ҳамроҳ бо Улфатхоним Мамадшоева шавҳари собиқи ӯ генерал Холбаш Холбашев ҳам дар даст доштан дар эътирозҳои вилоят муттаҳам шудааст, вале макони будубоши ӯ барои матбуот ошкор намешавад. Ҳафтаи гузашта ӯ дар шимоли Тоҷикистон нопадид шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ, Холбаш Холбашев, собиқ афсари Нерӯҳои марзбониро ба ташкили гуруҳи ҷиноӣ дар Бадахшон муттаҳам мекунад. Вазорат гуфтааст, афроди “гуруҳи ҷиноятии Холбаш Холбашев” ҳафтаи гузашта роҳи Душанбе-Қулмаро дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон бастаанд. Назари ин афсари боздоштшуда ба ин иттиҳомҳо маълум нест. Аммо баъзе наздиконаш ба бегуноҳии Холбаш Холбашев таъкид карда гуфтанд, ӯ ҳатто баъди ба нафақа баромадан дар бахши марзбонии вилояти Суғд кор мекард.

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз рӯзи 16-уми май шоҳиди эътирозҳо аст. Дар ҷараёни эътироз ва низои як ҳафтаина даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Аз ҷумла рӯзи гузашта Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, аз роҳбарони ғайрирасмии Бадахшон кушта шуд. Мақомот гуфтанд, Маҳмадбоқиров “дар бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ” кушта шудааст. Аммо сомонаи “Памир дейли нюс”, ки ҳаводиси Бадахшонро пайгирӣ мекунад, кушта шудани Маҳмадбоқир Маҳмадбоқировро кори дасти неруҳои қудратии Тоҷикистон гуфт.

XS
SM
MD
LG