Дар ин бора вакили мудофиа вай Жанар Балгабоев хабар дод.
"Агар додситонӣ шикоят накунад, Ноян Раҳимҷон баъди 15 рӯз ба озодӣ мебарояд", - гуфт Балгабоев.
Ноян Раҳимҷони 57-сола - яке аз чаҳор фаъоли ҷамъиятӣ аст, ки моҳи октябри соли гузашта бо айби узвият дар ҳаракати сиёсии сабтношудаи "Интихоби демократии Қазоқистон" зиндонӣ шуда буданд.
Ноян Раҳимҷон бо ҳукми додгоҳ 5 сол зиндонӣ шуда буд. Вай айбҳои нисбаташ эъломшударо дар додгоҳ рад карда буд.