Ссылки доступа

Талабҳои сахттар аз русиягиҳое, ки мехоҳанд, дар Қазоқистон суратҳисоби бонкӣ боз кунанд


Ба иттилои корбарони интернет, бонкҳои қазоқистонӣ тартиби дарёфти кортҳои бонкиро барои шаҳрвандони Русия сахттар карданд.

Дар бархе аз бонкҳо аз шаҳрвандони Русия санад аз ҷойи кор ва ҳаққи истиқомат дар Қазоқистон талаб карда мешавад. Телевизиони КТК-и Қазоқистон дар як гузориш хабар дод, ки бонкҳо эҳтимоли шомили рӯйхати таҳримҳо шуданро ба эътибор гирифта, чунин талабҳоро барои шаҳрвандони Русия пеш гузоштаанд.

Як шаҳрванди Русия дар Қазоқистон, ки барои дарёфти корти бонкӣ омадааст, дар суҳбат бо рӯзноманигорон нақл кард, "барои корти бонкӣ ё шартномаи меҳнатӣ даркор аст ё санад аз ҷойи кор".

Дар Бонки миллии Қазоқистон хабар доданд, ки дар қонун меъёри талаби шартномаи меҳнатӣ ва ё ҳаққи истиқомат аз шаҳрвандони хориҷӣ мавҷуд нест.

Баъди оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ низоми пардохти Visa ва Mastercard фаъолияташонро дар бонкҳои Русия қатъ карданд. Шуруъ аз 10 март ин ду низоми пардохт фаъолияти кортҳоеро қатъ карданд, ки аз сӯи бонкҳои Русия дода шудаанд. Ин боис шуд, бештари шаҳрвандони Русия барои дарёфти корти Visa ва Mastercard ба Қазоқистон оянд.

XS
SM
MD
LG