Ссылки доступа

"Изҳорот"-и Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов. Шерзамонов ҷаласа ва 13 ҳазор долларро рад кард


Ульфатхоним Мамадшоева и Холбаш Холбашов

Журналист ва узви ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон Улфатхоним Мамадшоева ва шавҳари собиқаш, генерал Холбаш Холбашов, ки ҳарду дар боздоштанд, дар як наворе, ки тавассути мақомот нашру паҳн шуд, ба даст доштани худ дар нооромиҳои Хоруғу Рӯшон таъкид карданд.

Дар тазоҳуроти мардум ва амалиёти мақомот дар онҷо, аз 16 то 18-уми май, даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва беш аз сад кас дастгир шуданд. Дар навор ба як кишвари ғарбӣ ҳам ишора шуд, аммо аз ягон давлате ном набурданд.

Ҳарчанд Холбашов гуфт, изҳороти онҳо бидуни ҳеч таҳқиру зӯроварӣ ба даст омадааст, маълум нест, зери чӣ шароите сабт шуда. Видеоро шоми 24-уми май бо рамзи "Телевизиони Тоҷикистон" нашр карданд. Қаблан Улфатхоним Мамадшоева дар суҳбат бо хабарнигорон даст доштани худро дар нооромиҳои Бадахшон рад карда буд.

Муаллифони навор иддао карданд, ки тарҳи нооромиҳои охирро дар Бадахшон 26-уми марти имсол Мамадбоқир Мамадбоқиров, Холбаш Холбашов, Улфатхоним Мамадшоева ҳузурӣ дар Хоруғ ва Алим Шерзамонов маҷозӣ аз Аврупо рехтаанд.

Мамадшоева ва Холбашов дар баёноти видеоии худ гуфтанд, он замон ташкили тазоҳурот дар Хоруғ ба дӯши Мамадбоқир Мамадбоқиров ва дар Рӯшон бар уҳдаи Холбаш Холбашов гузошта шуд.

Алим Шерзмонов, муовини раиси Паймони миллӣ, созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, ки дар Аврупо қарор дорад, шоми 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин ҷаласае баргузор нашудааст.

"Касе Мамадбоқирро як ҳафта ё ақаллан се рӯз шинохта бошад, хуб медонад, ки ӯ дар ҳаёташ дар чунин ҷаласае ширкат намекард. Холбаш Холбашов марди ғаюре аст. Ӯро бо чӣ коре маҷбур кардаанд, ки ба худ туҳмат кунад," – афзуд ӯ.

Муаллифони филм мегӯянд, Алим Шерзамонов дар умум барои ташкили бетартибиҳо дар Хоруғу Рӯшон 13 ҳазор доллар фиристодааст. Ба иддаои онҳо, ҳафт ҳазори он ба Хоруғ ва шаш ҳазори дигар ба Рӯшон равона шудааст, аммо нагуфтанд, ки ин миқдор пул чӣ гуна аз хориҷ дарёфту дастрас шудааст.

Шерзамонов мегӯяд, ӯ як паноҳандаи сиёсӣ дар Аврупост ва ин мидқор пул надошту надорад: "Гузашта аз ин, ин миқдор маблағро фиристодан имкон надорад. Дар Аврупо ҳам мепурсанд, ки онро аз куҷо ёфтаам. Ман дар таъминоти давлат ҳастам. Ману Мамадбоқир бародар будем, аммо агар пул ҳам медоштам ва аз номи як ташкилоти ғайрибадахшонӣ мефиристодам, як пайсаашро намегирифт. Яъне як пайсаи Паймони миллиро намегирифт."

Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз раҳбарони ғайрирасмӣ дар Бадахшон, рӯзи 22-юми май дар шароити мармуз дар Хоруғ кушта шуд. Шахсони наздик ба ӯ мегӯянд, дар ин кор мақомот даст доранд, аммо Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ӯ дар як даргирии дохилӣ бо ҳамсафонаш кушта шудааст.

Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов, ки аз 18-уми май ба ин тараф дар боздошт ҳастанд, дар навори мақомот гуфтанд, “пушаймонанд ва аз мардуми Хоруғу Рӯшон ва Роштқалъа маъзарат мехоҳанд”. Аммо маълум нест, ин ҳарфҳоро кай ва таҳти чӣ шароите гуфтаанд.

Муаллифони навор ҳамзамон Мамадшоеваро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои ба гуфтаи мақомот, “шубҳаовари хориҷӣ” ва “пешниҳоди иттилоъ ба намояндагони хадамоти махсуси хориҷӣ” муттаҳам карданд. Онҳо дар ин маврид аз “ду корманди сафорати як кишвари ғарбӣ” ҳам гуфтанд, вале номи касеву кишвареро ошкор накарданд.

Улфатхоним Мамадшоева 65-сола ва ҳомии ҳуқуқу журналисти мустақил аст. Бахши забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм ва дар телевизиону радиои Бадахшон кор кардааст. Муассиси созмони “Номус ва инсоф”. Аз соли 2003 то 2014 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дарс додааст. Дар солҳои 90-ум узви “Нерӯҳои худмуҳофизатии Бадахшон” буд.

Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст. Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд. Сокинони Рӯшон мегӯянд, ҷасади 21 нафарро гирифтанд.

Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.

XS
SM
MD
LG