Ссылки доступа

Вазири қазоқ тақвияти танга дар баробари долларро "воқеӣ" номид


Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Алибек Куантиров 25 май гуфт, қурби танга, ки чанд рӯзи ахир дар баробари доллари амрико боло меравад, "воқеӣ" аст.

Ба гуфтаи ӯ, қурби долларро дар моҳҳои февралу марти имсол дар Қазоқистон чанд омил, аз ҷумла афзоиши якбораи талабот ба он, ҳам аз тарафи сокинон ва ҳам тоҷирон боло бурд.

"Сипас вазъ муътадил шуд ва тавре мебинем, ҳоло вазъ беҳтар гаштааст", - изҳор дошт вазири қазоқ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат ва Бонки миллии Қазоқистон барои устувор гардонидани иқтисоди он кишвар ҳамаи талошҳоро анҷом медиҳанд.

Қурби доллар моҳи марти соли равон дар Қазоқистон то ба 510 танга боло рафта буд. Дирӯз, 26 май қурби расмии он дар Қазоқистон то ба 415,12 танга поин оварда шуд.

XS
SM
MD
LG