"Ба самъи шумо мерасонем, ки дар ҳоли ҳозир лоиҳаи қарори девони вазирон "Дар бораи тағйири нарх ва тарифҳои манбаъҳои энергетикиву сӯзишворӣ" баррасӣ мешавад. Ҳадафи қарор ислоҳоти бахши энергетикӣ ба хотири таъмини сокинон ва бахши иқтисод бо нерӯи барқу гази табиии босифат мебошад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Қаблан, муовини вазири энергетикаи Узбекистон Шерзод Хоҷаев ба расонаҳо гуфта буд, нерӯи барқи истеҳсолшаванда дар он кишвар бо нархе ба сокинон фурӯхта мешавад, ки ба давлат зарар меорад. Ба гуфтаи вай, 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба сокинони Узбекистон 295 сӯм ($ 0.03) фурӯхта мешавад. Дар ҳоле ки агар тамоми хароҷоти истеҳсолӣ ва нақлиётиро ҳисоб кунем, арзиши 1 киловатт-соат 400 сӯм ($ 0.04) хоҳад шуд.