Ссылки доступа

Дар Русия мардони то 65-соларо ба хидмат дар артиш ҷалб хоҳанд кард


Думаи давлатӣ – палатаи поёнии порлумонии Русия тарҳи қонунеро тасдиқ кард, ки синни ниҳоии хидмати қарордодиро дар артиши ин кишвар боло мебарад.

Бар асоси ин тарҳ, ки рӯзи 25-уми май қабул шуд, мардони то 65-сола барои хидмат дар артиши Русия муносиб дониста мешаванд.

Ин меъёр ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳам дахл дорад, ки хостори хидмат дар артиши Русия ҳастанд. Қонунҳои амалкунанда синни ниҳоии хидматро дар артиши Русия то 40 ва барои хориҷиҳо то 30-солагӣ муайян кардааст.

Муаллифони тарҳи қонун гуфтанд, ин тағйирот барои ҷалби мутахассисони "шуғлҳои зарурӣ" ба мисли кормандони тиб ва муҳандисон мусоидат мекунад. Қонун дар ҳоле қабул шуд, ки баъд аз ҳуҷуми беасоси Русия ба Украина дар 24-уми феврали имсол ҷанг идома дорад.

Дар майдони ҷанг артиши Русия бо муқовимати сахти нерӯҳои украинӣ рӯбарӯ шудааст. Бисёре аз манобеи иттилоотии ғарбӣ мегӯянд, Маскав базудӣ ҷангро хотима медиҳад, чун талафоти ҷонии нерӯҳои русӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешаванд.

Русия омори охири талафотро ошкор намекунад ва бори охир 25-уми марти имсол гуфта буд, ки 1351 сарбозаш дар ҷангҳо кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG