Ин огоҳиномаро ба дасти Зокирова дар фурудгоҳи Домодедовои Москва кормандои Хадамоти амнияти федеролӣ ё ФСБ расониданд.
Дар санад омадааст, вуруди овозхон ба Русия "бо ҳадафи таъмини амнияти давлатӣ" манъ аст. Баъди ин овозхон дубора ба Узбекистон баргаштааст.
Замоне ки муҳлати манъи вуруд ба поён мерасад, Зокирова 101 сол хоҳад дошт.
Зокирова дар озмуни "Голос"-и шабакаи аввали Русия ҷойи дувумро касб карда буд.