Ссылки доступа

Дар силсилаи таркишҳо дар Афғонистон 14 кас кушта шуд


Дар натиҷаи таркишҳои пайи ҳам дар шаҳрҳои Кобулу Мазори Шарифи Афғонистон рӯзи 25 май 14 кас кушта шудааст.

Абдулнафӣ Такур, намояндаи вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон гуфт, ки дар таркиши масҷиде дар шаҳри Кобул ду кас кушта ва 10 тан ҷароҳат бардоштааст. Дар беморхонае дар шаҳри Кобул хабар доданд, ки 5 кас фавтида, 17 тани дигар маҷруҳ шудааст. Миёни фавтидагон маргталабон низ ҳастанд.

То ин замон ҳеч кадом аз гуруҳҳои тундгаро масъулияти таркишҳоро ба зима нагирифтааст. Аз ин пештар чунин таркишҳоро гуруҳи террористии "Давлати исломӣ дар Хурусон" анҷом дода буд.

Дар Мазори Шариф, маркази маъмурии вилояти Балхи Афғонистон дар натиҷаи се таркиш 9 кас кушта шуд.

XS
SM
MD
LG