Ссылки доступа

Бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк" ва меҳмонхонаи Пирзодаро ба фурӯш гузоштаанд


Бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк"-ро, ки то ду сол пеш яке аз бонкҳои бузургу низомсоз ба шумор мерафт, вале муфлис шуд, ба фурӯш гузоштаанд.

Масъули музояда раёсати фурӯши амволи давлатии Кумитаи сармоягузорист. Эълони фурӯши бино 25-уми май нашр шуд.

Бинои марказии "Тоҷиксодиротбонк", ки дар маркази Душанбе ва дар рӯ ба рӯи "Телевизиони Тоҷикистон" ҷойгир аст, 125 миллиону 265 ҳазору 630 сомонӣ (ҳудуди 12 миллион доллар) муайян шудааст.

Дар сурати пайдо шудани харидорон нархи он метавонад, боло равад ё дар сурати адами харидор эҳтимол нарх поин оварда шавад. Дар тавсифи бино гуфтаанд, беш аз 22 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад.

Ин раёсат ҳамчунон меҳмонхонаи "Тоҷикистон"-ро, ки қаблан ба Тоҷиддин Пирзода, саҳмдори асосии "Тоҷиксодиротбонк" тааллуқ дошт, ба фурӯш гузоштааст.

Нархи ибтидоии меҳмонхона, ки низ дар маркази шаҳр ҷойгир аст, 225 миллиону 285 ҳазору 624 сомонӣ (наздик ба 25 миллион доллар) муайян шудааст. Бинобар шарҳи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, меҳмонхона аз 139 ҳуҷра иборат буда, зиёда аз ду гектар замин дорад.

Фурӯш ва таракаи амволи "Тоҷиксодиротбонк" дар ҳолест, ки як сол қабл, 21-уми майи 2021, Бонки Миллӣ иҷозаи фаъолияти "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро гирифт. Бо ҳукми додгоҳ барои тақсиму таракаи амвол ва дороиҳои ин ду бонки муфлисшуда мудири муваққат таъин шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ эълон кард, ки барои пардохти ҷубропулӣ ба амонатдорони ду бонк ду моҳи дигар мондааст. Хазина аз амонатдорон даъват кардааст ба "бонк-агентҳои Хазина муроҷиат намоянд".

Ба иттилои мақомот, ҳангоми бозхонд шудани муҷаввиз "Агроинвестбонк" тақрибан 28 ҳазор ва "Тоҷиксодиротбонк" 5,5 ҳазор мизоҷ доштанд.

Хазинаи суғурта ё бимаи пасандозҳои муштариён то 30 ҳазор сомонӣ амонатҳоеро, ки бо сомонӣ гузошта шудаанд, мепардозад. Пасандоздорон бо асъори хориҷӣ ҳамагӣ то 21 ҳазор сомонӣ ҷуброни пулӣ мегиранд.

Пулҳои боқимондаи амонатгузорон дар раванди барҳамдиҳӣ, яъне фурӯши амволи бонк ва доду ситад бо қарздорон бояд пардохта шавад.

XS
SM
MD
LG