Ссылки доступа

Бонки Қазоқистон ба хеши боздоштшудаи Назарбоев қарз надод


Бонки давлатии рушди Қазоқистон (БДРҚ) баррасии лоиҳаи бунёди маҷмааи меҳмонхона ва маркази SPA-ро, ки аз ҷониби ширкати соҳибкор Кайрат Боронбоев, қудои пешини духтари президенти собиқи он кишвар Дариға Назарбоева сохта мешуд, қатъ кардааст.

Дархости ширкати Боронбоев барои дарёфти қарз аз БДРҚ соли 2021 пешниҳод шуда буд, аммо ба иттилои Кursiv.media, бонк ҳафтаи равон онро аз баррасӣ гирифтааст. Бонк дар шарҳи ин қарор гуфтааст, ки ширкат "асноди заруриро пешниҳод накард".

Кursiv.media афзуда, ки Боронбоев мехост тавассути ширкати "Medeu Park Hotel" аз БДРҚ 10 миллиард танга қарз бигирад.

Қаблан Оҷонси назорати молии Қазоқистон хабар дода буд, ки Кайрат Боронбоев - қудои пешини Дариға Назарбоева, духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев - бо гумони "ғорати маблағҳои буҷа" боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG