Ссылки доступа

Эътирозҳо ба ҳиҷоби занон дар ТВ-ҳо. Норозиён нақзи ҳуқуқ хонданд, Толибон – "саркашӣ"


Як ровии телевизиони "Тулуъ" пас аз фармони Толибон

Дар идомаи вокунишҳо ба амри Толибон дар бораи пӯшидани чеҳраи хабарнигорони зан дар барномаҳои телевизионии Афғонистон, Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳам ин фармонро як далели дигари нақзи ҳуқуқи занон дар ҳама соҳаҳо номид.

Беш аз як ҳафта боз дар телевизионҳои Афғонистон занон бо чеҳраи пӯшида намудор мешаванд. Бо вуҷуди эътирозҳои зиёд, Толибон ба иҷрои дастурашон пофишорӣ доранд.

Дар шуморе аз расонаҳо мардон ба эътироз ба дастури Толибон ва бо нишони ҳимоят аз бонувони ҳамкори худ ниқоби сиёҳ пӯшиданд. Аз ҷумла, дар як барномаи телевизиони “Тулуъ”, меҳмонони барнома ба ин ҳаракат ҳамроҳ шуданд.

Дар барнома аз сухангӯи Идораи амр ба маъруфу наҳй аз мункар хоста шуд, барои муддате ниқоб бипӯшаду бо даҳони баста ва бо чеҳраи пӯшида гап заданро таҷриба кунад. Вай ин тақозоро рад карда, мухолифат ба дастури Толибонро тамасхуру саркашӣ аз ҳукми шариат донист.

Муҳаммад Окифи Муҳоҷир, сухангӯи Идораи амр ба маъруфу ва наҳй аз мункари Толибон гуфт, "касоне, ки ошкоро мухолифат мекунанд ва мавзуъро шухӣ дониста, болои он тамасхур мекунанд, бо ҳукми ислом ва шариат мухолифат кардаанд.”

Шуморе аз наттоқони зан, ки дар телевизионҳо кор мекунанд, бо нашри видеоҳо дар расонаҳои иҷтимоӣ ба дастури Толибон эътироз карданд. Дастур вокунишҳои тундро дар берун аз Афғонистон низ ба ҳамроҳ дошт.

Занони афғонро бе ҳиҷоб ба телевизион роҳ намедиҳанд
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:17 0:00

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 24-уми май амри Толибонро барои пӯшидани чеҳраи занон дар телевизион як далели дигари поймоли ҳуқуқи занон дар Афғонистон номид.

Ба қавли Ҳезер Бор, масъули бахши занон дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, “ин фармони Толибон баёнгари он аст, ки онҳо дар тамоми арсаҳо ҳуқуқи занонро поймол мекунанд. Мутаассифона, ин ҳамчунон баёнгари посухи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.”

Толибон, ки моҳи августи соли 2021 дубора ба ҳокимият дар Афғонистон баргаштанд, аҳд додаанд, ки дар чаҳорчӯби шариати исломӣ ба занон ҳаққу озодӣ медиҳанд.

Аммо духтарони болотар аз синфи 6 ҳанӯз иҷозаи ба мактаб рафтанро надоранд. Занон танҳо дар чанд идораи маҳдуд кор мекунанду пӯшидани чеҳраи занон, ки ба таъбири Толибон ҳиҷоби исломӣ дониста мешавад, ҳатмӣ аст.

XS
SM
MD
LG