Ссылки доступа

Кормандони кони тилои Қумтор аз макони лағшижи теппа берун оварда шуданд


Аз макони лағжиши теппа дар кони тилои Қумтори Қирғизистон коргарон ва техника берун оварда шудааст.

Дар ин бора Тенгиз Болтурук, роҳбари ҳолдинги миллии "Мероси кӯчманчиёни бузург" хабар дод.

"Мо мутахассисонро даъват кардем, вазъро месанҷем. Ин ҳодисаи табиӣ аст. Чунин ҳолат соли 2002 ва соли 2006 рух дода буд. Макони истихроҷ хеле калон шудааст - 3 километр дарозӣ, 2 км паҳноӣ ва 1 километр умқ дорад. Дар чунин ҳолат лағжиш рух медиҳад", - афзуд Болтурук.

Ахиран хабар расид, ки дар кони тилои Қумтор лағжиши замин мушоҳида мешавад. Бо дастури раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов комисияи вижа таъсис шудааст, ки сабабҳо ва оқибатҳои эҳтимолии ин лағжишро меомӯзад.

Қумтор - калонтарин кони тилои Қумтор аст, ки ҳамасола аз он то 15-17 тона тило истихроҷ мешавад.

XS
SM
MD
LG