Ссылки доступа

Додгоҳ ҳукми ҳабси вазири пешини фарҳанги Қазоқистонро содир кард


Хадамоти зиддифасоди Қазоқистон хабар дод, ки мудири Осорхонаи миллӣ ва вазири пешини фарҳанги он кишвар Аристонбек Муҳаммадиулӣ ҳабс шудааст.

Додгоҳ ҳабси пешакии ӯро рӯзи 28 май содир кардааст.

Пештар Хадамоти зиддифасоди Қазоқистон хабар дода буд, ки нисбати афроди масъули Осорхонаи миллӣ тафтиш анҷом медиҳад. Масъулонро дар ғорати наздики 335 ҳазор доллари буҷаи давлат гумонбар мекунанд.

Аристонбек Муҳаммадиулӣ аз соли 2014 то соли 2019 вазири фарҳанги Қазоқистон буд.

XS
SM
MD
LG