Ссылки доступа

Бонки ҷаҳонӣ: дар Узбекистон хатари падид омадани олигархҳо зиёд аст


Хатари ғасби қудрат аз сӯи сарватмандони манфиатхоҳ дар Узбекистон то соли 2025 ба нуқтаи олӣ мерасад. Дар ин бора дар як гузориши Бонки ҷаҳонӣ хабар дода шудааст, ки чанд рӯз пеш нашр шуд.

Таҷрибаи бозсозӣ дар кишварҳои дигари шӯравии пешин, аз ҷумла Русия ва Украина нишон медиҳад, ки ғасби қудрат ва шаклгирии олигархҳо дар ду марҳилаи муҳими ислоҳот сурат мегирад, омадааст дар гузориш. Марҳилаи аввал ин коҳиши назорати давлатӣ ва аз идораи давлат баровардани заминҳо, марҳилаи дувум хусусисозии корхонаҳои давлатӣ аст.

Ин ду марҳиларо ҳукумати Узбекистон барои панҷ соли оянда самтҳои муҳим унвон кардааст.

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, яке аз имкониятҳои муҳими ғасби қудрат ин фароҳам овардани имтиёзҳои вижа ва ношаффоф аст.

XS
SM
MD
LG