Ссылки доступа

Эҳтимоли болоравии нархи нон дар Узбекистон


Ҳукумати Узбекистон нақша дорад, ки имсол дар он кишвар назар ба соли гузашта беш аз 1 миллион тонна гандум ҷамъоварӣ карда шавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки нархи орд дар бозорҳои Узбекистон якбора боло рафтааст. Иҷрои қарори ҳукумат дар арафаи ҷамъоварии ғалла боиси боз ҳам баланд шудани нарх хоҳад шуд.

Мақомоти Узбекистон тасмим гирифтаанд, ки соли равон дар 1 миллиону 27 ҳазор ҳектар замин гандум кишт кунанд.

Вазорати кишоварзии Узбекистон моҳи март гузориш дода буд, ки қарор аст, моҳҳои июн ва июли соли равон дар он кишвар 7 миллиону 679 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шавад, ки назар ба соли гузашта 1 млн тонна бештар аст.

XS
SM
MD
LG