Ссылки доступа

Низомиёни қазоқ метавонанд пасандозҳои нафақаашонро пеш аз муҳлат истифода баранд


Мақомоти Қазоқистон ба низомиёни мустаъфӣ дар он кишвар иҷозат доданд, ки нисфи пасандозҳои нафақавии худро, сарфи назар аз ҳаҷмашон пеш аз муҳлат истифода баранд.

Дар ин бора Сардори Маркази таъминоти нафақавии Вазорати дифои Қазоқистон Кайиржан Бимолдин дар суҳбат бо Tengrinews.kz хабар додааст.

"Ба нафақахӯрони низомӣ соли гузашта дар доираи корҳои анҷомшуда оид ба истифодаи пасандозҳои нафақавӣ иҷозат дода шуд, ки 50 дарсади пасандози худро, сарфи назар аз ҳаҷмашон пеш аз муҳлат истифода баранд. Агар як хидматчии ҳарбӣ се миллион пасандоз дошта бошад, пас ҳақ дорад, ки якуним миллионашро дар бахшҳое, ки давлат пешниҳод кардааст, истифода барад", - изҳор дошт Бимолдин.

Ҳамчунин дар Вазорати дифои Қазоқистон хабар доданд, ки синни нафақаро барои хидматчиёни ҳарбӣ боло мебаранд.

XS
SM
MD
LG