Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мардеро бо гумони дӯздии сӯзишворӣ аз кони тилои "Қумтор" боздошт карданд


Корманди яке аз ширкатҳое, ки бо ҶСП "Қумтор Голд Компанӣ" ҳамкорӣ мекунад, дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон боздошт шудааст.

Ин мард ба фурӯши маводи сӯхту молиданӣ, ки аз корхонаи истихроҷи тилло берун оварда буд, гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои маркази матбуотии Раёсати умури дохилии вилоят, шаби 29 май як мошини тамғаи “Ауди С4” боз дошта шуда, кормандони пулис аз дохили он зарфҳои 300-литрии сӯзишвории дизелиро дарёфт кардаанд. Сокинони деҳаи Барскоон У.Ч.-и 23-сола ва Ш.С.-и 32-сола, ки дар дохили мошин буданд, гуфтанд, ин сӯзишвориҳоро аз марде хариданд, ки дар "Қумтор Голд Компанӣ" кор мекунад.

Он мард дар ҷараёни бозпурсӣ эътироф кардааст, ки сӯзишвории дизелиро аз корхона дуздида, мефурӯшад.

XS
SM
MD
LG