Ссылки доступа

Қазоқистон мунтазири мавҷи азими муҳоҷирон аз Русия аст


Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон мавҷи азими муҳоҷиронро аз Русия ба Қазоқистон дар моҳи сентябр пешбинӣ мекунад.

Ерболат Абулхатин, як масъули вазорати меҳнати Қазоқистон гуфт, то 1 маяи соли ҷорӣ 14 ҳазор кас марзи Қазоқистонро убур карда, 9 ҳазор тани онҳо дар ҳуҷҷатҳо нишон додаанд, ки барои кор омадаанд.

"Метавон гуфт, ки ҳоло "гулҳои сари сабад"-и бозор Қазоқистон меоянд. Инҳо метавонанд, хона иҷора гиранд ва ё аз ҳисоби ширкатҳои худ меҳмонхона иҷора гиранд. Эҳтимол аст, бо наздик шудани тирамоҳ одамони одӣ ба суроғи кор оянд", - гуфт Ерболат Абулхатин.

Вай афзуд, ки бештари русиягиҳо ба шаҳри Алмато меоянд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, наздики 200 ҳазор қазоқистонӣ дар хориҷ аз он кишвар муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд.

Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина ширкатҳои бузурги хориҷӣ Русияро тарк карданд.

XS
SM
MD
LG