Ссылки доступа

Дар Алмато наздикони гумонбарон дар ҳодисаҳои моҳи январ тазоҳурот мекунанд (видео)


Садҳо нафар аз наздикон ва пайвандони гумонбарон дар ҳодисаҳои моҳи январи имсоли Қазоқистон 1 июн дар назди бинои додситонии шаҳри Алмато бо талаби шаффофияти раванди тафтиши парвандаҳо ҷамъ шуданд.

Тазоҳургарон дар даст акси наздикони худро дошта, шиор мепартофтанд, ки "Шавҳарони мо террорист нестанд!" ва "Мо таҳқиқи байналмилалиро талаб мекунем!". Онҳо ҳамчунин аз мақомот талаб карданд, ки иттиҳомҳо зидди наздиконашон бекор карда шаванд.

Намояндаи шаҳрдории Алмато ба назди эътирозгарон рафта, гуфтааст, тазоҳурот бидуни огоҳии мақомот ташкил карда шудааст ва он "ғайриқонунӣ" мебошад. Суханҳои намояндаи шаҳрдорӣ норозигии эътирозгаронро ба бор оварда, бештари онҳо гуфтаанд, мақомот нахуст бояд аз мардум пурсанд, ки чаро ҷамъ шудаанд.

Додгоҳи Алмато то 23 май ҷамъан 186 парвандаро, ки дар доираи онҳо 287 кас дар курсии айбдорӣ менишаст, баррасӣ карда, 24 гумонбар бар асоси айбҳои гуногун, аз ҷумла, "ғоратгарӣ" ва "дуздӣ, ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳу лавозимоти ҷангӣ" аз озодӣ маҳрум намудааст.

XS
SM
MD
LG