Ссылки доступа

Тоқаев гуфт, нақша надорад, тавассути раъйпурсӣ муҳлати президентиашро тамдид созад


Раъйпурсии рӯзи якшанбе дар Қазоқистон ба хотири тамдиди муҳлати президентии Қосимҷомарт Тоқаев ташкил нашудааст, гуфт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 1 июн.

"Маро дар дохил ва хориҷи кишвар мепурсанд, ки оё роҳбари амалкунандаи кишвар тасмим дорад, тавассути раъйпурсӣ муҳлати президентиашро тамдид кунад, ба қавли маъруф аз нав шуруъ кунад. Посух медиҳам: чунин тасмим надоштам ва нахоҳам дошт", - гуфт Тоқаев.

Дар нахустин мусоҳибааш баъди ҳодисаҳои хунуни моҳи январ президенти Қазоқистон гуфта буд, ки намехоҳад, бештар аз ду давра президент боқӣ монад.

"Ман намедонам, ки чи муддат президенти Қазоқистон хоҳам буд, аммо дақиқан медонам - бино ба Конститутсия, на бештар аз ду муҳлат. Яъне, ҳеч тағйироте ба қонунгузорӣ ва Конститутсия сурат намегирад", - гуфта буд Тоқаев.

Баъди камтар аз ду моҳи ин изҳорот вай пешниҳод кард, ки ба Конститутсия тағйиру илова ворид карда шавад. Акнун раъйпурсӣ барои тағйироту иловаҳо ба Конститутсия рӯзи 5 июн сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG