Ссылки доступа

Дар Қазоқистон беш аз 300 кас дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ зиндонӣ шудааст


Дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон 331 нафар маҳкум ба зиндон шуда, беш аз 500 гумонбар дар боздошт қарор доранд.

Елдос Қилимҷонов, муовини раиси хадамоти аввали Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 1 июн дар нишасти хабарӣ гуфт, ҷамъан дар саросари он кишвар 5065 тафтишоти пешакии ҳодисаҳои моҳи январ қайд шудааст.

"514 гумонбар бо ҳукми додгоҳ дар ҳабс қарор доранд ва дар маҷмӯъ 337 парвандаи ҷиноӣ ба додгоҳ ирсол гаштааст", - гуфт Қилимҷонов.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар натиҷаи нооромиҳои моҳи январи имсол 238 нафар кушта шудааст, аммо рӯйхати онҳоро нашр намекунанд. Дар робита ба ин ҳаводис ҳазорон нафар боздошт ва садҳо нафар ҳамчун гумонбар дар терроризм, ошӯб, дуздии аслиҳа ва дигар ҷиноятҳо ба ҳабс гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG