Ссылки доступа

Узбекистон аз неругоҳи Роғуни Тоҷикистон барқ мехарад


Ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбекистон дар мавриди интиқоли барқи неругоҳи Роғун дар мавсими тобистон тафоҳумнома имзо карданд. Дар ин бора нашрияи "Газете.uz" бо такя ба вазорати энержии Узбекистон хабар медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, раванди марҳила ба марҳила ба кор даровардани ҳамаи чархаҳои неругоҳи Роғун идома дорад.

Муҳлат, низоми интиқоли неруи барқ, ҳаҷм ва қимати он дар доираи созишномаи алоҳида баррасӣ мешавад. Созишномаи алоҳида, қарор аст, то охири сол баста шавад.

Муҳлати эҳтимолии амалисозии созишнома 10 солро дар бар мегирад, хабар доданд дар вазорати энержии Узбекистон.

Сохтмони садди неругоҳи Роғун моҳи октябри соли 2016 шуруъ шуд. Садди неругоҳ 335 метрро ташкил медиҳад, ки баландтарин сад дар дунё ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG