Ссылки доступа

Вазири тандурустии Қирғизистон бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд


Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод, ки азхудсозии ғайриқонунии маблағҳои буҷа ва "дағалона вайрон кардан"-и фармони президентро дар бораи рушди ҳифзи тандурустӣ аз сӯи роҳбарияти вазорати тандурустӣ ошкор кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, аз моҳи декабри соли 2020 то сентябри соли 2021 Қирғизистон ҳамчун кӯмак аз созмонҳои байналхалқӣ, Русия, Чин ва Озарбойҷон 451 ҳазору 560 вояи воксини зидди коронавирус дарёфт кардааст. Дертар Қирғизистон бо Чин ва Русия дар бораи дарёфти ройгони 6 миллион вояи дигари воксини зидди коронавирус созишнома баст.

Сарфи назар аз ин, ба иттилои тафтишот, бо фармони вазири ҳифзи тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев 460 ҳазор вояи дигари воксин бо қимати 1 миллиарду 581 миллиону 474 ҳазор сом харидорӣ шудааст. Ба иттилои додситонӣ, ин маблағҳо ба минтақаҳои офшор интиқол ёфтаанд.

Додситонӣ мегӯяд, дар натиҷа аз вояҳои харидоришуда ва вояҳои ройгон дарёфтшуда 243 ҳазору 223 воя истифоданошуда боқӣ монда, корношоям гардиданд. Аз ин ҳисоб 1 миллиарду 581 миллиону 474 ҳазор сом зиён расидааст. Парвандаи ҷиноӣ бо моддаи "Фасодкорӣ" боз шудааст. Ба илова, нисбати Бейшеналиев ва дигар мансабдорон 5 парвандаи дигар боз шудааст.

Дар маҷмуъ, нисбати Бейшеналиев 7 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст: ду парванда дар робита ба тамаъҷӯӣ ва чаҳор парванда - ба далели сӯистифода аз мақом ва бастани шартномаҳои зиёновар.

Вакилони мудофеи Олимқодир Бейшеналиев то ин замон айбҳои эъломкардаи додситониро шарҳ надодаанд.

Бейшеналиев баъди ҳодисаҳои моҳи октябри соли 2020 дар мақоми вазири ҳифзи тандурустии Қирғизистон таъйин шуд. Тасмимҳо ва фармонҳои вай дар ин мақом боиси норозигии мардум буд.

XS
SM
MD
LG