Ссылки доступа

Бунёди Тоқаев аз пардохти ҷуброн ба хонаводаҳои 19 қурбонии моҳи январ хабар дод


Бунёди "Ба мардуми Қазоқистон", ки бо ташаббуси президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев таъсис шудааст, аз пардохти ҷуброн ба хонаводаҳои 19 қурбонии ҳодисаҳои моҳи январ хабар дод.

Болат Жамишев, раиси бунёд рӯзи 1 июн гуфт, ки хешовандони қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январ ба буёнд муроҷиат мекунанд.

Пештар, дар моҳи апрел, аз бунёд хабар дода буданд, ки ба хонаводаҳои 21 қурбонии моҳи январ ҷуброн пардохт хоҳанд кард. Элвира Азимова, ваколатдори ҳуқуқи инсон пештар гуфта буд, ки 29 шаҳрванди Қазоқистон ҳамчун қурбонии ҳодисаҳои моҳи январ эътироф шудаанд.

Баъди ҳодисаҳои моҳи январ, ки ба иттилои расмӣ боиси марги 238 кас шуд, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ки ҳодисаҳои фоҷиабор ба далели сатҳи ғайри қобили қабули дарз миёни фақирон ва дороҳо сар заданд. Бунёде, ки бо ташаббуси Тоқаев таъсис шуд, мебоист, ба хонаводаҳои қурбониёни низомиҳо ва захмиёни он ҳодисаҳо, ҳамчунин қурбониён аз ҳисоби сокинони осоишта кӯмак расонад.

XS
SM
MD
LG