Ссылки доступа

Ҳаракати мухолифини Қирғизистон ба ҳифзи рӯзноманигор Болот Темиров даъват кард


Болот Темиров

"Ҳаракати муттаҳидаи демократии Қирғизистон" бо нашри муроҷиатномае ба ҷомеа аз "фишори бесобиқа"-и мақомоти қудратӣ ба рӯзноманигор Болот Темиров ва кормандони саҳифаи Temirov LIVE хабар дод.

Мухолифон гуфтанд, ки "ҳамаи неруи ҷазодиҳандаи давлат ба Болот Темиров ҳамла кардааст". Мухолифон аз сокинон даъват карданд, ки ба ҳифзи Болоти рӯзноманигор бархезанд.

"Дар симои вай мо дастоварди асосии худ - озодии баёну ақидаро ҳифз мекунем, мо ҳуқуқи бунёдии худро барои иттилоъ муҳофизат мекунем! Бо ҳифзи Болот ҳар кадоме аз мо саҳми худро дар мубориза бо фасод мегузорад", - омадааст дар изҳорот.

Пештар чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналхалқӣ борҳо аз мақомоти Қирғизистон даъват карданд, ки таъқиби Болот Темиров ва дар маҷмуъ расонаҳоро қатъ кунанд.

Темиров 18 апрел таҳқиқоти рӯзноманигориеро дар бораи ширкати писари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар тендерҳои давлатӣ нашр кард. Рӯзи 19 апрел мақомот хабар доданд, ки нисбати Темиров парвандаҳои нав дар бораи "Тақаллуби ҳуҷҷатҳо" ва "Убури ғайриқонунии марз" кушода шудааст. Темиров мегӯяд, ба хотири фаъолиятҳои касбиаш таъқиби ҷиноӣ мешавад.

Дар моҳи январи имсол низ нисбати Темиров бар асосии моддаи нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир парванда боз карда буданд. Он замон низ вай дар бораи Қамчибек Тошиев таҳқиқоти рӯзноманигорӣ нашр карда буд.

XS
SM
MD
LG