Ссылки доступа

Мирзиёев ва Раҳмон ба сохтмони неругоҳи Ёвон оғоз бахшиданд


Дар доираи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон рӯзи 2 июн маросими оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Ёвон дар рӯдхонаи Зарафшон баргузор шуд.

Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ додааст, ки раҳбарони ду кишвар - Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ ба кори сохтмони неругоҳ оғоз бахшиданд.

Манбаъ афзуда, ки "ин аввалин лоиҳаи бузурги ҳамкориҳои энергетикии ду кишвар ба ҳисоб меравад". "Истгоҳи замонавӣ бо иқтидори 140 мегаватт дар таъмини амнияти энергетикӣ, устувории бахшҳои обу кишоварзии кишварҳои мо нақши муҳим хоҳад дошт", - омадааст дар иттилоияи хадамот.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 роҳбарони ду кишвар дар бораи сохтмони ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Зарафшон қарордод имзо карда буданд.

Дар доираи ин созиш қарор аст, дар марҳалаи аввал нерӯгоҳи Ёвон бо иқтидори 140 МВт бунёд карда шавад, ки 282 млн доллар харҷ дорад. Дар марҳалаи дувум ҷонибҳо имкони бунёди нерӯгоҳ дар Фондарёро бо харҷи 270 миллион доллар баррасӣ доранд, ки иқтидораш 135 МВт аст.

XS
SM
MD
LG