Ссылки доступа

Дар Қазоқистон "барои баргардонии маблағҳои ғайриқонунӣ ба хориҷ бурдашуда" комисия ташкил шуд


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон барои баргардонии маблағҳои ғайриқонунӣ ба хориҷ бурдашуда комисия таъсис дод.

Дар бораи таъсиси ин комисия рӯзи 5 июн аз дастгоҳи президенти Қазоқистон хабар доданд.

Комисияи мазкурро додситонии кулли Қазоқистон роҳбарӣ мекунад ва ин комисия маблағҳоеро аз хориҷ бармегардонад, ки шаҳрвандони Қазоқистон ғайриқонунӣ берун бурдаанд.

Чанд рӯз пеш аз хабари таъсиси комисия вакили порлумони Қазоқистон Максат Раманқулов, бо такя ба иттилоои созмони Tax justice network, гуфта буд, ки дар 25 соли охир аз Қазоқистон ба минтақаҳои офшор 140-160 миллиард доллар бурда шудааст.

Президент Тоқаев пештар гуфта буд, ки 162 шаҳрванди Қазоқистон нисфе аз дороиҳои кишварашро дар ихтиёр доранд.

Моҳи май як созмони аврупоӣ хабар дода буд, 1550 қазоқистонӣ дар Дубай 2694 амвол доранд, ки арзиши умумии ин амвол 1,018 миллиард доллар аст.

XS
SM
MD
LG