Ссылки доступа

Қаторҳои мусофирбар байни Узбекистону Русия ба гардиш медароянд


Русия шуруъ аз 14 июн манъи вуруди узбекистониҳоро тариқи қатора бекор мекунад. Чунин тасмимро ситоди пешгирӣ аз вуруди вабои коронавирус ба Русия қабул кардааст, хабар медиҳад сомонаи ҳукумати Русия.

"Тасмим гирифта шуд, ки шуруъ аз 14 июн гардиши қаторҳо дар масири Тошканд-Самара ва Тошканд-Волгоград ҳафтае як маротиба ба роҳ монда шавад",- омадааст дар хабар.

Ҳамзамон Русия аз 14 июн маҳдудиятҳои марбут ба паҳншавии вабои коронавирусро барои вуруди ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ бекор мекунад, ки тавассути ҳавопаймо, қатора ё роҳҳои обӣ ворид мешаванд. Маҳдудиятҳо моҳи марти соли 2020 ҷорӣ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG