Ссылки доступа

Раиси Андиҷони Узбекистон бо гумони ғорати $4,4 млн боздошт шуд


Раиси Андиҷони Узбекистон Баҳромҷон Ҳайдаров ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Аз додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, Ҳайдаров дар мансаби пешинаш - сардори бахши молии вилояти Андиҷон - бо зердастонаш аз буҷаи вилоят 4,34 млн долларро ғорат кардаанд.

Дар доираи парвандаи ҷиноӣ 37 кас ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда, 32 тани онҳо боздошт шудаанд.

Рӯзи 28 майи соли ҷорӣ Ҳайдаров аз дахлнопазирии вакилӣ маҳрум шуд.

Пештар аз ин Баҳромҷон Ҳайдаровро дар мақоми раиси шаҳр дар расонидани зарар дар ҳаҷми 153 ҳазор доллар айбдор карда буданд.

XS
SM
MD
LG