Ссылки доступа

Туркия дар амри поккории бандари Одессаи Украина аз минаҳо пешниҳоди кӯмак дорад


Мақомоти Туркия ба хотири ба роҳ мондани содироти ғаллаи Украина пешниҳод доранд, ки баромад аз бандари Одессаро аз минаҳо поккорӣ кунанд.

Ба иттилои расонаҳо, Туркия бо ҷониби Русия созиши пешакӣ ҳосил кардааст ва умед дорад, ки СММ низ аз ин созиш ҳимоят мекунад. Хабаргузории Bloomberg менависад, Украина аз ин нақша ҳимоят намекунад, зеро дар сурати аз минаҳо пок кардан бандари Одесса бе ҳимоят мемонад ва Русия метавонад, ҳамла кунад.

Интизор меравад, ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи чаҳоршанбе дар ин маврид бо Туркия гуфтугӯ хоҳад кард. Ҳоло маълум нест, ки оё Украина ҳам намоянда ирсол хоҳад кард ё на. Масъалаи аз минаҳо пок кардани бандарҳои Украинаро рӯзи душанбе вазирони мудофиаи Украинаву Туркия низ баррасӣ карданд.

Владимир Путин, президенти Русия ахиран гуфт, ки буҳрони бозори ғизоӣ ба далели ҳамлаи Русия ба Украина сар назадааст, балки динамикаи манфӣ пеш аз ҷанг падид омада буд.

Русияву Украина дар панҷгонаи бузургтарин кишварҳои истеҳсолкунандаи ғалла шомил мешаванд. Баъди шуруъи ҳамлаи Русия ба Украина қимати маҳсулоти ғизоӣ якбора боло рафт. Болоравии қимати гандум ва сӯзишворӣ ба қимати маҳсулоти дигари ғизоӣ таъсир расонидааст. Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ дар моҳи май гуфт, ки дар пайи ҷанг марги бар асари гуруснагӣ ба 49 миллион сокин аз 43 кишвари дунё таҳдид мекунад.

СММ аз Русия даъват кард, ки ба содироти гандум иҷозат диҳад. Ин мавзуъ дар суҳбати Путин бо президенти Фаронса, садри аъзами Олмон ва президенти Туркия баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG