Ссылки доступа

Қазоқистон талаби ташхиси коронавирусро ҳангоми убури марз бекор мекунад


Талаби ташхиси коронавирус ва шаҳодатномаи воксинзанӣ ҳангоми убури марзи Қазоқистон бекор мешавад. Дар ин бора аз комисияи пешгирии паҳншавии вабо дар Қазоқистон хабар доданд.

"Бекор шавад: нахуст - аз 8 июни соли ҷорӣ талаби ҳатмии шаҳодатномаи гирифтани воксини зидди коронавирус ва ё ташхиси надоштани вабои коронавирус ҳангоми вуруди марзи Қазоқистон", - омадааст дар хабари комисия, ки рӯзи сешанбе нашр шуд.

Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон фаъолияти 12 гузаргоҳи марзиро дубора ба роҳ мемонад, ки пештар баста шуда буданд.

XS
SM
MD
LG