Ссылки доступа

Вазорати мудофиаи Қазоқистон мехоҳад, маргу мирро дар артиш "ба сифр баробар кунад"


Вазорати мудофиа Қазоқистон дар бораи таҳияи барномаи "ба сифр баробар кардани маргу мир дар артиш" хабар дод.

Руслан Жаксиликов, вазири мудофиаи Қазоқистон рӯзи 7 гуфт, ки ҷароҳат бардоштан ва фавтидани сарбозон дар артиш дар айёми осоишта ғайри қобили қабул аст.

"Дастур шуд, ки гуруҳи корӣ ҳолатҳои марг ва маҷруҳшавии сарбозонро омӯзад ва барои "ба сифр расонидани ҳолатҳои маргу мир" чораҷӯӣ кунад", - омадааст дар хабари вазорати мудофиаи Қазоқистон аз қавли вазир.

Дар таҳияи барномаи мазкур масъулони вазорати мудофиаи Қазоқистон, намояндагони ҷомеа, муассисаҳои тиббӣ ва равоншиносон ҷалб мешаванд. Ҳадафи асосӣ аз таҳияи ин барнома комилан аз байн бурдани ҳолатҳои маргу мир дар артиши Қазоқистон унвон шудааст.

Хабари таҳияи чунин як барнома дар ҳоле нашр мешавад, ки рӯзи 4 июн як сарбози қазоқистонӣ дар вилояти Мангистау фавтидааст. Сарбози фавтида Едил Тешебоеви 19-сола буд. Хешовандонаш бовар надоранд, ки вай худкушӣ кардааст.

Фавти сарбозон дар артиши Қазоқистон нодир набуда, ҳар чанд аз гоҳе дар бораи марги сарбозон дар қисмҳои низомии он кишвар хабар мерасад.

XS
SM
MD
LG