Ссылки доступа

Узбекистон ба Украина дору ирсол кард


Узбекистон бо арзиши 1 млн доллар ба Украина 19 тона дору ирсол кард.

Вилояти Закарпатяи Украина рӯзи 6 июн аз Узбекистон кӯмаки башардӯстона дарёфт кард. Дар ин бора раиси вилояти Закарпатя Виктор Микита хабар дод.

Ба гуфтаи вай, бештар аз 19 тона дору тавассути ҳавопаймо нахуст ба Словакия ва аз он ҷо ба Закарпатя оварда шудааст.

Арзиши умумии доруҳо бештар аз 1 млн долларро ташкил медиҳад.

Ин доруҳо барои низомиҳое ирсол мешавад, ки дар минтақаҳои низоъ меҷанганд ва ё дар бемористонҳо бистарӣ ҳастанд, омадааст дар хабари раиси вилоят.

"Содиқона аз дӯстонамон, соҳибкорон, волонтёрон дар Узбекистон барои ин кӯмак сипосгузорӣ мекунем", - гуфтааст раиси вилояти Закарпатя.

Ин дувумин кӯмаки башардӯстона аст, ки аз Узбекистон ба Украина ирсол мешавад. Кӯмаки нахустин дар моҳи апрел ирсол шуда буд, ки бештар аз 34 тона дору ва маҳсулоти ғизоиро дар бар мегирифт.

XS
SM
MD
LG